Имрӯз натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфтанд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки ҳуҷҷат супоридаанд, холҳои гузаришро ба даст овардаанд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла, бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.
Барои дастрас намудани маълумоти муфассал метавонед ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://ntc.tj/tj/ ворид шавед.
АМИТ "Ховар"