Ширкатҳои бузурги технологӣ кӯшишҳояшонро дар мубориза бо терроризм муттаҳид карданд

Ширкатҳои бузурги технологии ҷаҳон, аз ҷумла «Microsoft», «YouTube», «Facebook» ва «Twitter» дар бораи таъсиси базаи ягонаи маълумотҳое эълон карданд, ки дар мубориза бо паҳншавии «маводи террористӣ» дар шабакаҳо мусоидат менамояд. Дар ин бора нашрияи «The Wall Street Journal» менависад.
«Ба маводе, ки терроризмро дар шабака таблиғ мекунад, дар хизматрасониҳои мо ҷой нест. Умедворем, ки муттаҳидии мо самаранокии муборизаро бар зидди чунин мавод тақвият мебахшад. Мо минбаъд низ риояи қоидаҳоямонро идома медиҳем», — гуфта мешавад дар изҳороти муштараки чор ширкати номбурда.
Дар изҳорот зикр шудааст, ки: «ширкатҳо дар доираи фаъолияти муштарак ба он наворҳое, ки қоидаҳоро вайрон карда, одамонро ба терроризм даъват менамоянд, ба шакли рақамӣ ишора мегузоранд. Баъдан ҳар яке аз онҳо метавонад чунин маводро дар хизматрасонии худ зуд пайдо карда, онро нест созад. Ба чунин кор ширкатҳо аз оғози соли оянда, пас аз ҳалли баъзе масоили техникӣ шурӯъ мекунанд».
Чанде пеш иттилоъ расид, ки дар соли гузашта шабакаи иҷтимоии «Twitter» қариб 400 ҳазор саҳифаи марбут ба ДИ-ро (гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», мамнӯъ дар Тоҷикистон) бастааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: