Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳошияи Шӯрои ВКХ ИДМ

Дар шаҳри Бишкек 15 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: