Дар Барселона ITMA — бузургтарин намоишгоҳи ҷаҳон оғоз ёфт, ки дар он ширкатҳои Тоҷикистон низ иштирок мекунанд

Имрӯз  дар шаҳри Барселонаи Испания бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон — ITMA (www.itma.comоғоз гардид, ки  дар он намояндагони ҳашт корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Корхонаҳои «Ноҳид», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Спитамен Тектайлз», «Ваҳдат», «Oртекс», «Раҳимов А.А.», «Лиман», «Meҳровар», инчунин Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаи  нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон, ки то 26-уми июн идома меёбад,  иштирок намуда, бо навгониҳои олами технологияи   соҳа  мазкур шинос мешаванд.

Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба ин намоишгоҳ бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ сурат мегирад. Намояндагони ширкаҳоти консалтингии «ACT Development Group» ва «Business Consulting», шарикони маҳаллии МТБ дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд.

Намоишгоҳи ITMA, ки дар чор сол як бор баргузор мегардад, майдони пешсафи ҷаҳонии омӯзиш ва тавлиди идеяҳои тоза, дарёфти роҳҳои ҳалли самараноки мушкилоти мавҷуда ва ҳамкории муштарак барои рушди соҳибкорӣ мебошад. Дар  он тақрибан 1600 ширкаткунанда аз 46 кишвар маҳсулоти худро дар масоҳати 220 000 метри мураббаъ ба 120 000 боздидкунанадагон аз 147 кишвари ҷаҳон намоиш медиҳанд.

Ин чорабинӣ пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маъраз гузошта, барои шиносоӣ, робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ, коршиносони соҳа, омӯзиши тамоюлот, равандҳо ва масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар  машғулияту  ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.

Роҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов зикр кард, ки навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ  маҳсуб мешавад.

«МТБ бо ITMA-2019 ба ҳайси созмони мусоидаткунанда ҳамкорӣ мекунад. Аз ин рӯ, шарикони барномаи мо  дастрасии афзалиятнок, имкониятҳои махсус барои шиносоӣ бо иштирокчиёни намоишгоҳ ва  иштирок дар  машғулиятҳои омӯзиширо  доранд. Ҳамчунин МТБ бо Маркази омӯзишии нассоҷӣ ва мӯди Федератсияи нассоҷӣ ва мӯди Сингапур ҳамкорӣ мекунад, ки дар ҷараёни намоишгоҳ барои мо барномаҳои махсуси боздиду шиносоӣ бо ғуфраҳои намоишгоҳ таҳия намудаанд», — афзуд номбурда.

Ҳайъати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои навро барояшон боз мекунад.

Тавре мудири ширкати «Спитамен Текстайлз» Мирзоқодир Бақоев иброз дошт «мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол, коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ, шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳиме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад».

Бояд илова кард, ки ITMA-2019 таҷҳизоти навтарини ҷаҳониро ба маърази бинандагон мегузорад ва самтҳои рушди технологияи ояндаро муаррифӣ менамояд. Дар ҷараёни намоишгоҳ МТБ ҳамчунин нахустин бор табодули таҷриба миёни ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳавии ҳамаи шаш кишвари баҳрагирандаи Барномаи нассоҷияшро баргузор мекунад, ки ин кишварҳо- Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Осиёи Марказӣ ва чаҳор кишвари арабии Урдун, Миср, Тунис ва Марокаш мебошанд. Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон  дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои шарики лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: