Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои доир кардани ду бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 имрӯз, 5 август ба шаҳри Таиф сафарбар гардид.
Бозиҳои мазкур байни ин дастаҳо 7 ва 9 август баргузор мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардида буд, ки 1-11 июли соли 2019 дар Урдун доир гашт. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)- 2019 шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор мешаванд.
АМИТ «Ховар»