Вазорати тандурустӣ: бемории зардпарвин дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳоро вобаста ба доман паҳн намудани бемории зардпарвин дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи соли 2017 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 1388 ҳодисаи бемории зардпарвини вирусии намуди «А» ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 281 ҳолат камтар мебошад. Дар ин муддат дар ноҳияҳои Айнӣ-5 ҳолат, Ашт-38 ҳолат, Деваштич-81 ҳолат, Зафаробод-12 ҳолат, Кӯҳистони Мастчоҳ-8 ҳолат, Мастчоҳ- 1 ҳолат, Спитамен-31 ҳолат, Ҷ.Расулов-92 ҳолат, Шаҳристон-39 ҳолат, шаҳри Гулистон-24 ҳолат, Истаравшан-41 ҳолат, Истиқлол-14 ҳолат, Конибодом-105 ҳолат, Панҷакент-75 ҳолати бемории мазкур ба қайд гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳои эпидемиологӣ бемории зардпарвини вирусии намуди «А» сирояти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фасли тобистону тирамоҳ рост меояд. Бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакони синни томактабию мактабӣ) мушоҳида карда мешавад.
Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ, агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар риоя нагардидани тозагии шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.
Ба ин хотир аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории зардпарвини вирусии намуди «А» корҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардида, ҷиҳати сари вақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводи безараргардонӣ ҷудо карда шудааст.
Айни ҳол вазъи бемории зардпарвини вирусии намуди «А» дар ҷумҳурӣ мӯътадил буда, он таҳти назорат қарор дорад.

АМИТ "Ховар"

Tags: