АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи калони фарҳангӣ ба муносибати ҷамъбасти озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодиву маърифатӣ, кормандону мутахассисони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва фаъолону аҳли ҷамоати пойтахт иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, баъди шиносоии иштирокдорони ҷамъомад бо композитсияи гулҳо дар Боғи С.Айнӣ дар Амфитеатри боғи мазкур маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон сурат гирифт.
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокдорон расонд.
Сипас Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба ғолибони озмун мукофотҳои муқарраргардидаро супориданд.
Натиҷаи озмун дар байни ноҳияҳои пойтахт
Дар ин номинатсия ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1 насиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардид.
Мақоми дуюм ва Дипломи дараҷаи 2 -юмро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ соҳиб гардид.
Ҷойҳои сеюм ва дипломҳои дараҷаи 3 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.
Натиҷаи озмун дар байни боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт
Дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ, инчунин барои саҳми арзанда дар офариниши чаманзор, гулзори беназир, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонӣ ва ғолибият дар озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» гардид.
Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон»-и «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Натиҷаи озмун дар самти беҳтарин гулгашт
Дар самти мазкур ба Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мақоми аввал сазовор дониста шуд.
Ҷойи дуюм насиби Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардид.
Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Натиҷаи озмун барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар ободонию хуррамгардонии пойтахт
Дар ин бахш барои беҳтарин композитсияи гулҳо, саҳми арзанда гузоштан дар ободонию хуррамгардонии Боғи «Устод Рӯдакӣ» ва иштироки фаъолона дар ин озмун Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбоналӣ Алимардон бо «Ифтихорнома» ва Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Сипас дастагули мусиқии иборат аз суруду тарона, савту навоҳои дилангези устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон ба ҷашни гулҳо шукӯҳу таровати баҳорӣ зам намуда, онро анҷом бахшид.
Хотиррасон менамоем, ки имсол аввалин маротиба дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2019 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз ду давр иборат буда, даври якуми он дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ғолибон дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳо бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Даври шаҳрии озмун тибқи низомнома аз тарафи гурӯҳҳои корӣ баъд аз пешниҳоди натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ баргузор гардид.
Аз тарафи гурӯҳи кории шаҳрӣ ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашт ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуда, дар рафти баҳогузорӣ шумора ва намуди гулҳои шинонидашуда, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзор, сифати корҳои иҷрогардида, ҳолати нашуънамо, тозагӣ ва корҳои ободонӣ ба инобат гирифта шуданд.
Натиҷаҳои баргузории озмун муайян намуд, ки сохторҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳр ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ корҳои назаррас ба сомон расонида, дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти ҷумҳурӣ давоми солҳои охир симои муосири меъмориву шаҳрдорӣ касб намуд, ки бо бунёди боғҳои истироҳативу гулгаштҳои замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар меҳмон ва сайёҳро ба худ ҷалб мекунад.
Дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Бояд илова намуд, ки вобаста ба парвариши гули лола корҳои омодагӣ ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2018 дар боғу гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои алоҳида дизайн ва композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус бо гули лола тасвиргардида роҳандозӣ гардид.
Дар маҷмӯъ, шумораи умумии гулҳои лола беш аз якуним миллион ададро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба миқдори 300 000 дона тухми пиёзаки гули лола дар ҳудуди боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр шинонида шуд.
Инчунин аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», тибқи нақшаи мувофиқашуда дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» («Боғи Устод Рӯдакӣ»), хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ. Икромӣ ва мавзеи пасманзари Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо тарзи композитсияҳои гуногун ба миқдори 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар кӯчаю хиёбонҳо ба миқдори 675 010 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»