Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ барои иваз кардани шаҳодатномаҳои кӯҳна то 1 декабр муҳлат медиҳад

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки  шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбат ба ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад.

Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки то 1 декабри соли равон ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.

Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: