Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Остона мулоқот намуданд

7 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушду такомули минбаъдаи муносибатҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин масоили сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СААД ва САҲА табодули афкор намуданд. 

АМИТ «Ховар»

Tags: