Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, 21 апрел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот вазирон масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин масоили ҳамкории бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"