Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 17 март, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.1269 сомонӣ, 1 евро = 8.7234 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1381 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА аз 8.2000 то 8.2300 сомонӣ, 1 евро аз 8.7400 то 8.8800 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1414 мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
АМИТ «Ховар»