Тоҷикистон ва Япония баргузории анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солонаро баррасӣ карданд

Вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), ҳамзамон раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» Шигэру Мураяма 1 ноябр баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни он доир ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди робитаҳои соҳибкориву иқтисодӣ, инчунин роҳҳои таҳкими минбаъдаи ин самтҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон бо ҷалби диққати ҳамсуҳбаташ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузории японӣ имкониятҳои муносиб мавҷуд буда, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок метавонад барои сармоягузорони японӣ судбахшу ояндадор бошад.

Зарурати фаъол намудани роҳҳои гуногун барои густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла, ташкили анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солона, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни РОТОБО ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр карда шуд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии хешро барои идома бахшидани кӯшишҳои муштарак баҳри рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноатӣ ва технология иброз намуданд.

АМИТ "Ховар"