Имрӯз, 30 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Сербия бо Сарвазири ин мамлакат Ана Брнабич мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар заминаҳои гуногун муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сарвазири Сербияро ба Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.
АМИТ «Ховар»