Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин Чжао Кечжи доир ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбати телефонӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар самтҳои гуногуни фаъолият ва мубодилаи иттилоот баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»