Байни «Амонатбонк» ва «Узпромстройбонк» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид

Байни Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон  Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ ва Шартнома оид ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба имзо расонида шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, санадҳои мазкурро  дар шаҳри Тошканд раиси  БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ ва аз ҷониби Ӯзбекистон раиси  Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон Азиз Воидов имзо гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд.

Инчунин, Сироҷиддин Икромӣ дар шаҳри Тошканд бо раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон Алишер  Мирсоатов мулоқот анҷом дода,  дар раванди баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, дар асоси Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 апрели соли 2019, масъалаи тағйир додани шартҳои Созишнома қарзӣ дар ҳаҷми 33 миллион доллари  амрикоиро  матраҳ намуданд. Дар ин росто, Созишномаи иловагӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои Созишномаи қарзӣ омода  ва ба имзо расонида шуд.

АМИТ «Ховар»