Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд

Имрӯз дар шуъбаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Об барои рушди устувор» конфронс доир гардид. Дар он масъулини ҳукумати ноҳия, академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи милитсия иштирок намуданд.
Раҳматулло Саидзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб иброз намуд, ки об дар ҳаёти инсоният аҳамияти калон дорад. Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, ба ҳар гуна бемориҳо мубтало мегарданд.
Ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Варзоб, Баҳриддин Нозимзода оид ба аҳамияти об дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ изҳори андеша намуда, зикр намуд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин навбат низ пешниҳоди наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои марбут ба об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
«Умед меравад, ки чорабиниҳое, ки дар доираи ин Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, бисёр мушкилоти ҳаёти инсониятро вобаста ба оби ошомиданӣ ҳал менамоянд»,- гуфт номбурда.
Меҳрулло Нуруллозода, омӯзгори ҷавони факултети №5-и Академияи ВКД аз ташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи обу муҳити зист ёдовар шуда, иброз намуд, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор барномаи марбута пешниҳод гардидааст, ки вобаста ба онҳо Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» эълон намуд.
Дар ниҳоят 21 декабри соли 2016 Қатъномаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» қабул гардид.

АМИТ «Ховар»