Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳамаи Шуморо дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим хайрамақдам мегӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули таърихи ба тасвиб расидани Ковенсия иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ буд.

Кишвари мо ҷиҳати иҷрои муқаррароти он ва қарорҳои ҷаласаҳои давраии тарафҳои Конвенсия пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Боиси қаноатмандист, ки дар як муддати нисбатан кутоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем.

Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад.

Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад.

Аз дидгоҳи мо, яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин падида обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад.

Обшавии бошиддати пиряхҳои Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

То имрӯз, аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, як ҳазораш комилан об шуда, ҳаҷми бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – Федченко ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад.

Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

Дар ин замина мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Ҳамчунин, мехоҳам бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ёдовар шавам.

Итминон дорам, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи пасттарин қарор дошта, аз рӯйи ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад.

Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон то имрӯз барномаҳо ва ташаббусҳои зиёди дохилидавлатиро қабул намуда, амалӣ мегардонад.

Тасмимҳои мо оид ба кабудизоркунӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика, яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли «энергияи сабз», аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ маҳз ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист нигаронида шудаанд.

Кишвари мо ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим оғоз намудааст.

Бовар дорем, ки созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, донорҳо ва давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо минбаъд низ бо мо ҳамкории самарабахшро идома хоҳанд дод.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки тасмимҳое, ки дар доираи чорабиниҳои Конфронси бисту ҳафтуми Тарафҳои Конвенсия гирифта мешаванд, ба ташаккули механизми ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

Tags: