Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ, ки аз 12 то 20 июл дар шаҳри Уммони давлати Урдун байни ҷавонони аз 15 то 20-сола баргузор гардид, ба гирифтани шаш медал мушарраф шуданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик аз намуди гӯштини юнониву румӣ соҳиби чор медал шуданд. Дар вазни 44кг Дамир Отаев баъди шикаст додани ҳарифи эронияш Муҳаммадҳусейн Ғуломҳасан Раҳимободӣ бо ҳисоби 6-4 дар рақобати финалӣ медали тилло ва унвони чемпиони Осиё оид ба гӯштини юнониву румӣ ба даст овард. Дамир Отаев то расидан ба финал дар даври нимниҳоӣ ҳарифи узбекаш Шоҳҷаҳон Ҷабборовро шикаст дода, дар даври чорякниҳоӣ бар Сункар Зарапи қазоқ бо ҳисоби 7-0 пирӯз гардид.
Медали тиллои дигарро Алишер Рузимадов дар Чемпионати Осиё байни наврасон дар вазни 75кг вориди хазинаи варзишии мамлакат намуд. Ӯ дар финал ба муқобили Ризо Ардаван Карими Сармайдонӣ аз Эрон бо ҳисоби калони 7-0 дастболо шуда, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Дар вазни 52кг паҳлавони тоҷик Амирҷон Обидов аз Чемпионати Осиё бо медали биринҷӣ бармегардад. Амирҷон Обидов нахуст ҳарифаш Йогеш Фалсвали ҳиндуро бо ҳисоби 10-9 мағлуб намуда, дар даври нимниҳоӣ аз Ораздурдӣ Сапармуратови узбек бо ҳисоби 0-9 шикаст хӯрд ва аз рақобати финалӣ бенасиб монд. Баҳри ба даст овардани мақоми сеюм Амирҷон Обидов ҳарифи ироқияш Маҷид Аласархро мағлуб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Як медали биринҷии дигарро Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кг ба даст овард. Дар ин вазн Шоҳҷаҳон Бобоев чун нафари ҷоизадор Зайд Салим Нагуҷи урдуниро бо ҳисоби 12-4 мағлуб намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Варзишгари тоҷик Абдулҳадӣ Абдулмуваллад аз Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 9-0 шикаст дод, вале дар даври нимниҳоӣ аз Досбол Жамили қазоқ бо ҳисоби 0-9 ноком гардид. Дар рақобат баҳри ишғоли мақоми сеюм Шоҳҷаҳон Бобоев ҳарифи ироқияш Аҳмад Алмуҳсинро бо натиҷаи 9-1 мағлуб намуд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё 6 медал — 2 тилло, 1 нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст овард.