РОҒУН — МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид

ТВТ.26.09.2022. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 Қарор «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» ба тасвиб расид, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ва минбаъд ҳамчун минтақаи сайёҳӣ рушд кардани Роғун такони ҷиддӣ мебахшад, чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Роғун Баҳром Шарафзода.

Мавсуф зикр намуд, ки дар айни замон ҷиҳати таҳияи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида истодаанд.

Дар ҳудуди шаҳри Роғун зиёда аз 30 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 73 инфрасохтори хизматрасонӣ муайян карда шудаанд. Аз рӯи имконияти бузурги табиӣ ва фарҳангию таърихӣ шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ мусоид аст.  Минтақаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид мебошанд.

Истиқоматкунандагони деҳаи Ёнахш хусусияти хоси сайёҳии ин мавзеъро дарк карда, дар он ҷо бо номи «Сайр» хонаи қабули сайёҳонро мавриди истифода қарор додаанд.  Дар инҷо имкони истифодаи нақлиёти автомобилӣ ҳам мавҷуд аст.  Дар аксари тӯли роҳ манзараҳои зебои деҳаҳои Чормағз, Пору, Фаррух, Ғофилобод ва Ғашён намудоранд. Дарахтон ва гулу буттаҳои мевадиҳандаю сояафкан, ба монанди дарахтони себ, нок, олучабандак, дулона, писта, бодом, тирак, сафедор, бед, арча, тут, гулхор, ирғай, шулаш, аз буттаҳо тахач, чаҳир, куруш, паламбарг, кокутӣ, торон, инчунин беда, гандум, ҷав, зағир ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

Масофаи байни деҳаи Ёнахш то мавзеи Марғзор беш аз 5 км роҳро дар бар мегирад. Мавзеи Марғзор аз рӯи имконияти табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду кӯли қамишзори табиӣ мавҷуд буда, аз моҳҳои май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад. Дар қисмати болоии ҳавзҳои мавзеи Марғзор тахминан 1 км дарёчаи оби софи хунук аз назди дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гиёҳҳои шифобахш ҷорӣ мешавад.  Дар оянда ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ имконияти хеле хуб ва манфиатовар мебошанд. Бо  дарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани деҳаҳои мазкур табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, мева ва ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла, бузи сайд, хирс, хук, ҷайра, сангпушти кӯҳӣ, санҷоб, харгӯш, заргӯш, гург, рӯбоҳ, шағол ва аз хазандаҳо якчанд навъи мор, калтакалос ва дигар ҳашаротро дар дашту даман ва кӯҳҳои ин мавзеъҳо вохӯрдан мумкин аст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, бо мақсади рушди ин соҳа аз тарафи шаҳрдорӣ якчанд инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, бунёд, таъмир ва таҷдиди якчанд  осоишгоҳҳо натиҷаи пешравӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Дар ҳудуди шаҳри Роғун зиёда аз 30 адад мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 73 адад инфрасохтори хизматрасонӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла 4  гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, 13 коргоҳи ҳунарҳои мардумии кандакорӣ (оҳангарӣ, табақтарошӣ, дутортарошӣ, сабадбофӣ, қарамадӯзӣ, ҷиҳози занона ва ғайра), 4 меҳмонхона, 5 тарабхонаи замонавӣ, 7  осоишгоҳ, 26 ошхона, 3 нуқтаи обҳои шифобахш, 5 истгоҳи замонавӣ ва ғайра. Инчунин дар шаҳр 14 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 8 китобхона, 1 осорхона, 2 хонаи фарҳанг, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 қасри фарҳанг фаъолият менамоянд.

Аз рӯи хусусияти таърихию фарҳангӣ минтақаҳои ҳудуди шаҳр, аз ҷумла обанбори «НБО Роғун», гузаргоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, Кӯҳи Яхдон, Хазинаи Акаҷонбой, Гули Сурх, Луғур, Ёнахш, Марғзор ва боғҳои фарҳангӣ ҳамчун хатсайрҳои сайёҳӣ муайян шудаанд. Ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун аз ҷониби масъулини соҳа буклетҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расонида шудаанд, ки онҳоро метавон дар марказҳои хизматрасонии назди шоҳроҳ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои савдо ва осоишгоҳҳо дастрас кард.

Осоишгоҳҳои шаҳри Роғун ба таври мунтазам фаъолият намуда, ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Дар худуди шаҳри Роғун 4 меҳмонхона ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонад. Дар шаҳр 5 тарабхона ва як қаҳвахона бо таомҳои миллӣ ва аврупоӣ омодаи хизматанд.

Сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” яке аз иншооти муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро дар бар мегирад. Ин иншооти бузурги аср дар оянда барои рушди соҳаи туризм аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Обанбори ин неругоҳ мавзеи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, диққати гардишгарони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «неругоҳи «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Чунки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург дорад».

Дар баробари ин, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Tags: