Дар вилояти Хатлон армуғонсозӣ аз чакан рушд мекунад

Дар як сол дар вилояти Хатлон аз ҷониби ҳунармандони чакандӯз то 2670 адад куртаҳои чакан, 2803 тоқӣ, 3560 адад болишт ва дигар сӯзаниҳо омода карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вилоят ҷиҳати рушди чакандӯзӣ як зумра чораҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҶДММ “Чакан” ва гурӯҳҳои оилавии чакандӯзӣ ташкил карда шуда, маҳсули меҳнати онҳо дастраси хоҳишмандон мегарданд. Ин амал барои ғанӣ гардидани буҷети оила ва рушди соҳаи чакандӯзӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар айни замон теъдоди ҳунармандони чакандӯзи вилоят 89 нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди чакандӯзӣ «Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021» таҳия ва қабул гардидааст.

Мақсади ин Барнома иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани чораҳо дар доираи Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёт, эҳёи мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ ва таҳкими ҳунармандӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи амалҳоро дар давраи солҳои 2019-2021 дар бар мегирад.

Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми чакандӯзӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ҷалби занони ҳунарманд ба омӯзиши ҷавондухтарон, таъсиси марказҳои чакандӯзӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои чакандӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудааст, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди кори хонагӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таъмини рушди армуғонсозӣ аз чакан мусоидат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: