Дар Тоҷикистон бори аввал асари Конфутсий ба забони тоҷикӣ интишор гардид

Дар нашриёти «Контраст»-и  Душанбе китоби арзишманде таҳти унвони  «Суханҳои ҳакимона ва зебои Конфутсий» аз чоп баромад.  Муҳаррири масъули он  мушовири  калони  дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода  ва тарҷумону мураттиби китоб  дипломати тоҷик Муҳаммад Эгамзод мебошанд.

Нашрияи мазкур бо сарсухани  Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов  ва Сафири Фавқулодаи Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юе Бин   оғоз меёбад.

Китоби «Суханҳои  ҳакимона ва зебои Конфутсий»  ба муносибати 25-умин  солгарди оғози   равобити дипломатӣ   миёни Тоҷикистону Чин чоп шуда,  бори аввал ба забони тоҷикӣ  гулчини андешаҳои  мутафаккир ва файласуфи  машҳури Чинро  пешниҳоди  доираи васеи   хонандагон намудааст.

Муҳаррири масъули китоб  Зафар Сайидзода  изҳори умед кардааст, ки  китоби тозанашр мавриди пазириши  дилбастагону  дӯстдорони  афкору андешаҳои баланд мегардад.

АМИТ"ХОВАР"