Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуданд

Баъди таътили тобистона вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кори худ шурӯъ намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Айни замон  дар нуҳ кумита — оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,  энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва се комиссияи доимии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳоро ҳамаҷониба омӯхта, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд», -афзуд Муҳамадато Султонов.

АМИТ «Ховар»

Tags: