Дар остонаи ҷашни 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ нашриёти «Истеъдод» ҷилди 30-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро бо забони тоҷикӣ аз чоп баровард, ки он туҳфаи арзишманд ба хонандагон маҳсуб мешавад.
Ҳайати таҳририяи китоби мазурро Озода Раҳмон, Абуҷаббор Раҳмонзода, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Фарҳод Раҳимӣ ташкил дода, мураттибони он Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Рамазонӣ Давлатов мебошанд.
Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳофарии тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳон, муввафақ гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи яке аз иншооти муҳими аср — НБО «Роғун», эълони солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлат дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон ба таври васеъ инъикос ва арзёбӣ гардидааст.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Пезидент» сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони илмӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамзамон доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури методӣ метавонанд истифода баранд.
АМИТ «Ховар»