Усмонов Мансур Ҷалолович, 10 - уми майи соли 1989 дар деҳаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Миллаташ тоҷик.
Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд.
Соли 2012-ум факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2010 дар радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири Идораи барномаҳои таҳлилӣ оғоз намуда, муаллифи барномаи «Мо ва табиат» буд.
Аз соли 2015-ум то инҷониб дар Идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон" ба ҳайси муҳаррир фаъолият дорад.
Муаллифи барномаҳои «Иқтисоди сабз», «Роҳи рушд» ва «Иқтисод» мебошад.
Бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.