Садриддини Сироҷиддин 22 августи соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикитон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2006 факултети Сохтмон ва меъмории КТ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст ва дар айни замон дар курси 5-уми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дорад.
Садриддин фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 ба ҳайси муҳандис дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оғоз намуда, ҳамчунин дар маҷаллаҳои «Равзанаи нур», «Муҳаббат» ва «Садоқат» ба ҳайси муҳаррир, котиби масъул ва сармуҳаррир кор кардааст.
Ӯ муаллифи чандин озмунҳо дар рўзномаҳои даврӣ буда, наздики 200 мақола ва қиссаҳояш дар матбуот нашр гардидаанд.
Садриддин фаъолияташро дар «Телевизиони Тоҷикистон» соли 2012 шуруъ намуда, ҳоло дар идораи барномаҳои иттилоотӣ ҳамчун муҳаррири варзида кор мекунад.
Ӯ бо нишони «Аълочии матбуот» сарфароз гардидааст.