Бобокалон Аминзода 27-уми июли соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2013 шўъбаи рузномаригори телевизион ва радиои факултети театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст.
Бобокалон соли 2013 фаъолияти кориашро дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир оғоз карда, то ҳол дар ин идора кор мекунад. Номбурда аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби як фарзанд.