Бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Нуробод китоби «Тоҷикон»–и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи ноҳияҳои мазкур ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд тақдим гардид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»–и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Инак ин туҳфаи бебаҳо ба дасти сокинони ноҳияҳои Рашт ва Нуробод расид.
Ба гуфти масъулини ноҳияҳои зикргардида, ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллат дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила тақдим гардида, сокинон онро ҳамчун туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо қабул намуданд.
Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят карда, роҳи ояндаро мунаввар месозад. Таърихи худро надониста, ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар шароити кунунии ҳассоси бархӯрди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии бемайлон ва баҳамоии омилҳои нави геополитикӣ хондану донистани таърих, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»