Мавзӯъҳои марбут ба густариши равобити дуҷониба миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Даврон Назармухамедов дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсози Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар пойтахт доир гардид, сараввал муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ташрифи ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистони ҳамсояро ба сарзамини таърихии мо хайрамақдам гуфт.
«Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии мо ба густариши муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, махсусан бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, — изҳор намуд А. Аламшозода.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар навбати худ Даврон Назармухамедов барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҳайати Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Ӯ махсусан миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода баён дошт, ки барои баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсози вазоратҳои ҳарду кишвар чунин шароитро муҳайё сохтааст, ки ҳайатҳои ҳарду ҷониб метавонанд масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳоро муҳокима намоянд.
Тавре муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон иброз намуд, ин мулоқоти дуюми ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, вохӯрии аввал дар ин кишвари ҳамсоя доир гардида буд.
Дар идомаи ҷаласаи мазкур сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Сафиало Азизулозода ва муовини якуми сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Дониёр Қодиров вобаста ба мавзӯи таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Сафар Ҳабибуллоев ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи андешидани чораҳо ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳматулло Нуъмонзода ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Бояд гуфт, дар ин вохӯрӣ роҳбарият ва намояндагони Раёсатҳои ҳамкориҳои байналмилалии Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар низ иштирок доштанд.
Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва генерал-майор Даврон Назармухамедов аз натиҷаи ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсози Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Протокол ба имзо расонида шуд.
Дар идомаи боздиди ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвари мо, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз дидан намуда, бо санъати меъморию наққошии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла, зимни боздиди онҳо аз Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт ҳайатҳои ҳарду ҷониб аз мавзеи муҷассамаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар маркази ин боғ хеле зебо сохта шудааст, дидан намуда, болои оромгоҳи ӯ дуои хайр хонданд.
Зимни боздид аз Кохи Наврӯз, ки макони баргузории бисёр ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ мебошад, диққати меҳмононро нақшу нигор ва кандакориҳои миллии тоҷикона ба худ ҷалб намуд.
АМИТ "Ховар"