Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил гӯшаи дарсӣ боз карда шуд.
Дар ин гӯша тамоми шароит фароҳам оварда шуда, он бо ашёи дарсӣ ва бозичаҳои кӯдакона таъмин гардидааст.
Тавре директори муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина Фирӯз Шарипов иттилоъ дод, ҳоло дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона барои табобат шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо мақсади баланд бардоштани неруи зеҳнии онҳо синфхонаи дарсӣ боз карда шуд.
Зикр шуд, ки дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина 2 шуъба фаъолият дошта, шуъбаи сили устухони кӯдакона аз 10 кати хоб ва шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона аз 20 кати хоб иборат аст.
Ҳоло дар шуъбаи мазкур 15 нафар кӯдакони гирифтори бемории сили устухон ба табобат фаро гирифта шудаанд.
АМИТ "Ховар"