22 декабри соли 2017, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Тавре аз дастгоҳи Раиси Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 декабр аз соати 08:00 то 17:00 ва 22 декабр аз соати 07:00 то 08:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35
АМИТ "Ховар"