Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат қариб 23 ҳазор нафар ному насаб иваз кардаанд

То имрӯз аз ҷониби мақомоти давлатии  кишварҳои хориҷӣ  дар  масъалаи иваз кардани номҳо ба номҳои анъанавӣ-  миллии тоҷикона ягон эрод гирифта нашудааст. Ин матлабро 16 июл дар ҷамъи хабарнигорон  дар Душанбе Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Шоҳмурод баён дошт.

Вазир зикр кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  10 ҳазору 893 нафар  шаҳрвандон  ному насабашонро  ба номҳои анъанавӣ- миллӣ  иваз кардаанд. Дар маҷмӯъ  дар ин давра аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мамлакат 22 ҳазору 985 нафар ҷиҳати сабти иваз намудани  насаб, ном ва номи падарӣ  ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Зикр гардид, ки ҳолатҳое ҳастанд, ки бархе аз шаҳрвандон  бо тақозои иқомат ва кор дар кишварҳои хориҷӣ ному насаби анъанавӣ –миллии худро иваз мекунанд ва ин ҳуқуқи онҳост.

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки  дар ин давра   аз сӯи мақомоти  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  230 ҳазору 231 аснод, аз ҷумла,  беш аз 106 ҳазор  сабти таваллуд, зиёда аз 25 ҳазор  сабти барқарории таваллуд, 16 ҳазору 929 сабти  вафот, 622  сабти барқарори вафот, беш аз 33 ҳазор сабти ақди никоҳ ва 6 ҳазору 65 сабти бекор кардани ақди никоҳ, беш аз 18 ҳазор сабти муқаррар намудани падарӣ ва  616  сабти  фарзандхонӣ   ба қайди давлатӣ  гирифта шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: