«ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН». Ҷилди сеюми китоби мазкур муаррифӣ шуд

ТВТ. 18.05.2022. 17-уми май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 3 –юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки “дар китоб ҷараёни бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе ва лаҳзаҳо аз рӯйдоду навидҳои пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйи чоп омада, бо аксҳои зебо оро дода шудаанд”.

Китоб бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, дар он  андешаҳои шахсиятҳои барӯманду маъруф нисбат ба дастоварду музаффарияти шаҳрдорӣ ва рушди  пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе гирд оварда шудаанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии мамлакат буда, рушду инкишофи кишвар аз набзи рӯзафзуни он иборат аст ва он барҳақ, қалби Тоҷикистон аст.

Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе бунёди маҷмааву кохҳои меъморию фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ, гулгашту хиёбону кӯчаҳои васеи мумфарши бисёрқабата, хизматрасонии мусоиди нақлиётӣ, корхонаҳои азими саноатӣ, муассисаҳои маърифатию илмию адабӣ ва пеш аз ҳама, фазои амну осоишта  Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳи ҷаҳони муосир табдил додаанд.

Тазаккур дода шуд, ки дар китоб  пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ, дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида муаррифӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки муаллифи китоб Мирзоамин Мирсаидзода буда, дар таҳияи он академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода ва номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ саҳм гузоштаанд.

 

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: