ТВТ.16.08.2022. Ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон 15 август дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва ҳайати Кумитаи маориф ва тандурустии Кореяи Ҷанубӣ таҳти роҳбарии МангСаб Сим баррасӣ гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Роҳбари Кумита ба меҳмонон оид ба низоми давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, фаъолияти Кумита, ки бо ҳуҷҷатҳои танзими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тасдиқ шудааст, маълумот дод.
Ҷонибҳо аз ҳамкории созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»