МИНБАЪД ОНҲОЕ, КИ БА КОРРУПСИЯ ДАСТ МЕЗАНАНД, ҶАРИМА НЕ, БАЛКИ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ КАРДА МЕШАВАНД. Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуд

Имрӯз дар Душанбе сессияи 16-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Маҷиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тағйиротҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардида буданд, дастгирӣ намуданд. Мутобиқи ин тағйиротҳо барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ  пешбинӣ карда шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳукқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон зимни суханронии худ дар сессия иброз намуд, ки тибқи тағйиротҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда минбаъд онҳое, ки барои порагирӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ ба даст меафтанд, бар ивази ҷарима озод карда намешаванд, балки дар асоси қарори суд аз озодӣ маҳрум мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  10 феврали соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии мамлакат тағйиротҳо ворид намуда буд, ки тибқи онҳо шахси ба амалҳои коррупсионӣ айбдоршаванда метавонист бо додани ҷарима  озод шавад. Аз ҷумла, шахсе, ки бо ҷурми даст доштан ба чунин амалҳо аз ҷониби суд айбдор дониста шудааст, метавонист бо пардохти 200 сомонӣ барои ҳар рӯзи адои ҳукми суд дар маҳбас ба озодӣ барояд.

«Тағйироте, ки соли 2016 ба қонуни ҷиноӣ ворид карда шуда буд, мутаассифона, пеши роҳи амалҳои коррупсиниро гирифта натавонистанд, баръакс, солҳои охир раванди афзоиши чунин ҷиноятҳо дар кишварамон мушоҳида мешавад», навиштааст «АП» бо истинод ба муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир  Нурзода.

Ҳамин тариқ, минбаъд  тибқи меъёрҳои моддаи 319-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷиноятҳои вобаста ба гирифтани пора  ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 5 то 12 сол, дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи молу мулк муқаррар  карда шудааст.

Моддаи 320-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷазоро барои чунин амалҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати  аз 5 то 10 сол бо мусодираи молу мулк  пебинӣ намудааст.

АМИТ«Ховар»