Дар Шуғнон Маркази рушди барвақтии кӯдакон ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 2 ноябр дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев бинои нави Маркази рушди барвақтии кӯдакон барои 20 нафар дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аснои шиносоӣ бо шароити тарбияи насли наврас дар кӯдакистон бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.

Пас аз шиносоии пурра бо имконоти  фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар Маркази рушди барвақтии кӯдакон раиси ноҳия ба таъсисдиҳандагон барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, амалисозии ин гуна иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба рушди соҳаи маориф маънидод намуд.

Маркази рушди барвақтии кӯдакони деҳа аз ҷониби сокинони деҳаи Пашор ва шарикони рушд дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 420 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо шароити зарурии таълиму тарбия таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон бо ҷалби сармояи шарикони ҳамкор бинои нотамоми Маркази рушди барвақтии кӯдакони деҳаи Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучон навсозӣ мегардад.

Сохтмони бинои Маркази рушди барвақтии деҳаи Боғев аз соли 2019 то инҷониб бо қувваи худи сокинони деҳаи мазкур идома ёфта, бинобар маҳдудияти сарчашмаи молиявӣ корҳои сохтмон дар иншоот бо таъхир ба роҳ монда шудаанд.

Зимни боздид аз иншооти нотамом Раиси ноҳияи Шуғнон  Ҷумъа Ҷумъазода масъулинро вазифадор намуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаи хароҷотиро барои пурра ба итмом расонидани сохтмони бинои мазкур ва муҷаҳҳаз намудани он бо лавозимоти зарурӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки қаблан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати дарёфти сармоя барои ба итмом расонидани сохтмони бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакони деҳаи Боғев бо чанде аз шарикони рушд гуфтушунид анҷом дода, хушбахтона, дар асоси қарордоди тарафайни миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва шарикони ҳамкор барои ба итмом расонидани бинои Марказ аз ҷониби шарикони рушд маблағгузории зарурӣ равона карда шуд.

Инчунин барои тарбияи кӯдакону наврасон ва омӯзиши забони хориҷӣ аз хориҷи кишвар омӯзгорон даъват карда шуда, нигоҳдории минбаъдаи Маркази рушди барвақтии кӯдакони деҳаи Боғев ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон дар Марказ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳам синфхонаҳои алоҳида ташкил карда шуда, онҳо дар ин Марказ ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: