Имрӯз, 27 октябр, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 ва дар шарқи он 3-8 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 23-28 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"