Тоҷикистон ва Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу колоро дар давлатҳои якдигар муҳим донистанд

Дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 24 июл бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломризо Шофеӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид карданд. Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон  изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар давлатҳои якдигар муҳим дониста шуд. Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст охири соли равон дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: