Дар Астрахан ба Умар Хайём ҳайкал гузоштанд

Аввалҳои моҳи июл дар Астрахан муҷассамаи шоири тоҷику форс Умар Хайём, ки қаблан ба шаҳр оварда шуда буд, насб гардид. Ин ҳайкали биринҷӣ дар Урал сохта шуд ва 2,5 ҳазор километрро дар роҳҳои Русия тай кард.
Бино ба иттилои портали «Каспийские новости», маросими расмии ифтитоҳи муҷассама дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад. Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтароши Челябинск- Сергей Воробёв эҷод шудааст, ки шахсан дар ҷараёни насби офариниши худ дар шаҳри Астрахан ҳузур дошт. Ин кор бо фармоиши Палатаи савдои остони Гилони  Эрон, ки қаблан бо ҳайкалтарош қарордод баста буд, анҷом ёфт.
То маросими пуршукӯҳи ифтитоҳ  муҷассама  бо як матои тираранг пӯшонида мешавад. Бинобар ин танҳо дар моҳи август мардуми Астрахан метавонанд бубинанд, ки симои шоири бузурги форсу тоҷик чи гуна офарида шудааст.
Баландии ҳайкали биринҷӣ бо вазни 1,5 тонна 4 метрро ташкил медиҳад. Вай дар корхонаи  шаҳри Екатеринбург офарида шуда, дар як қуттии махсус бо мошин ба Астрахан интиқол гардид. Ҳамин тариқ, Хайём то расидан ба пойтахти вилояти Астрахан 2,5 ҳазор километрро дар Русия сафар кард.
Дар насби муҷассама ҳамчунин, консули генералии Эрон дар Астрахан Алӣ Муҳаммадӣ ва раиси Палатаи савдои Гилон Ҳодӣ Тезҳуш ширкат варзиданд.

Tags: