Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи афсарон»- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ» баргузор мешавад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар форум мавзӯъҳои марбут ба иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар кишвар мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони ҷавон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсили илм доранд ва намояндагону кормандони ҷавони сафоратхонаҳо, корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва ташкилотҳои байналмилалию ширкатҳои хориҷӣ қарор дода мешавад.
Мавзӯъҳои пешниҳодгардида фарогири моҳияти форум буда, барои ҳамкории минбаъда, мубодилаи таҷриба ва устувории дӯстии ҷавонони байни давлатҳо мусоидат менамоянд.
АМИТ "Ховар"