Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон месозад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 200 нафар кӯдакистон бунёд мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, иншооти нав бо арзиши умумии 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллари ИМА) моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тошканд ва Душанбе Созишнома ба имзо расид. Тибқи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби ҳамагонӣ ва як бемористони бисёрсоҳавӣ месозад. Дар навбати худ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мактаб ва кӯдакистон бунёд менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: