Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади рушди минбаъдаи драматургияи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад.
ҳадафи баргузории озмун дарёфти асарҳои беҳтарини драмавӣ дар мавзӯъҳои муосир аст, ки таҷассумгари дастовардҳои марҳилаи навини таърихи халқи тоҷик буда, дар он дастовардҳои замони Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, муқовимат бо коррупсия, гаравидани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир инъикос гардида бошанд.
Қабули асарҳо аз 1 январ то 1 июни соли равон сурат мегирад.