Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ медиҳад.
Тавре аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласаи машваратӣ коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амният, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Россия иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният ва субот дар ҳарду кишвар, мубориза ба муқобили терроризм-экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ карда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии машваратӣ ҳайати коршиносони дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев имрӯз ба Душанбе омада буд.
АМИТ «Ховар»