Паҳлавони ҷавони тоҷик Темур Раҳимов дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Полша), Пётр Арвай (Венгрия), Такая Ямугушӣ (Япония)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хӯрд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Германия Даниел Зорн пирӯз шуд.
Ин дуюмин медали варзишгарони мо дар ин мусобиқа мебошад. Тавре хабар дода будем, медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид.
Ёдовар мешавем, ки 8 варзишгари дигари тоҷик, ба мисли Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), ва Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) дар ин мусобиқот иштирок намуданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Бояд зикр кард, ки дар чемпионати ҷаҳон 590 варзишгар аз 83 давлати дунё иштирок карданд.
Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард.
Япония, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд.
Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби Россия гардид.
АМИТ «Ховар»