Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал санҷишро идома медиҳад

«Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони мамлакат бозиҳои санҷишии худро дар шаҳри Тошканд бо дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар идома медиҳад. Тавре сомонаи ФФТ хабар дод, футзалбозони мо дар бозии аввали санҷишӣ натиҷаи мусовии 6:6-ро комёб гардида, дар бозии дуюми санҷишӣ бо ҳисоби 5:3 мағлуб шуданд. Се голро дар ин вохӯрӣ Шавкат Ҳалимов, намояндаи тими «ДИСИ Инвест» ба самар расонд.
Ёдовар бояд шуд, ки футзалистони то 20 солаи кишварамон имсол дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё ширкат меварзанд. Вохӯриҳои санҷишӣ оғози марҳалаи омодагӣ ба ин мусобиқаи бонуфуз мебошанд.

Манба: Амит "ХОВАР"