Дастаи мунтахаби футболи Афғонистон бозиҳои худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузаронад

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар соли равон бозиҳои хонагии худро дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мегузаронад. 28 март Афғонистон ба ҳайси мизбон дастаи мунтахаби Ветнамро дар Душанбе ба ҳузур мепазирад.
Дастаи мунтахаби Афғонистон бар асоси ин қуръакашӣ дар гурӯҳи «С» дар муқобили тимҳои Урдун, Ветнам ва Камбоҷа қарор гирифт.
Аз сабаби нооромӣ ва ташаннуҷ Конфедератсияи футболи Осиё гузаронидани мусобиқотро дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Яман напазируфт. Соли гузашта дастаи мунтахаби Афғонистон вохӯриҳои хонагии худро дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ва Осиё-2019 дар Эрон баргузор кард.