Комроншоҳи Устопириён аз рақиби гурҷияш мағлуб шуд

Гуштингири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. 10 август Комроншоҳ дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.
Ҳаждаҳ сония қабл аз анҷоми рақобат Варлам Липартелиани Комроншоҳро ба замин хобонда, 20 сония ба ӯ имкон надод, ки аз чанголаш халос шавад. Ҳамин тариқ, гуштигири гурҷӣ ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале паҳлавони тоҷик аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Бояд тазаккур дод, Варлам Липартелиани паҳлавони хеле пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскӯлоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷавони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад.   Ӯ 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015-ум хатм кардааст. Аз соли 2012-ум ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад. Устоди дараҷаи байналмилалӣ мебошад.
Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) Комроншоҳи Устопириён ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алмаато (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Узбекистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбекистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.
Комроншоҳ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кг медали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст.
Комроншоҳ ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Бино ба  рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 варзишгари ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.
Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов дувумин шуда дар мусобиқа иштирок кард ва ноком гашт.
Комроншоҳи Устопириёнро дар толори гуштии Рио-де-Жанейро ҳамаи ҳайати варзишии Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Инчунин ба ӯ мухлисони ашадиаш – бародарон Гулмаҳмад ва Шоҳин Гуловҳо, Мӯсо Назиров ва Одил Охунов, ҳар чор аз деҳаҳои Зарафшон ва Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, мухлисӣ карданд.
Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки дар байни варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио аввалин шуда дар мусобиқа иштирок кард, ноком гашт. Ӯ баъди пирӯзӣ дар нахустин даври интихобии сабқати бокс дар вазни то 60 килограмм бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0, рӯзи 9 август дар даври дувум аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.
Хотиррасон менамоем, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд. Аз ҳафт варзишгар, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар — Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дар мусобиқоти минбаъда ширкат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.