Театри лўхтаки Тошканд намоиши «Корвонсарой»-ро ба Душанбе овард

Аз 24 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри  Душанбе дар доираи сафари ҳунарии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон намоишномаи «Корвонсарой»-и театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоишҳо ҳар рўз соатҳои 10:00 ва 11:00 манзури мухлисони театри лўхтак мегардад. Намоиш ба қалами муаллифон И. Лукянова  ва Д. Юлдошев мансуб буда, онро коргардони таҳиягар, Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Яқубов рўи саҳна овардааст.

Намоиши «Корвонсарой» доир ба суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ мебошад. Дар он қаҳрамонони машҳури масхарабози фолклори халқи ӯзбек Аливу Валӣ ва қаҳрамони театри суннатии миллӣ Качал-Полвон вомехӯранд. Тамоми намоиш аз тарафи ду ҳунарпеша иҷро карда мешавад. Тавассути маҳорати онҳо тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳамаи навъҳои ҳунари лӯхтакбозӣ: дар пешбанди одии муқаррарӣ саҳнаи савдои хар ва хурӯсҷанг бо лӯхтакҳои дастпӯшакӣ, манзараи гўштии миллии «кураш» бо арӯсакҳо, рақси ӯзбекӣ ба воситаи театри соягӣ ва лӯхтакҳои нахӣ ошно гарданд.

АМИТ"ХОВАР"