Варзиш

БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД

Паҳлавони муваффақи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Беҳрӯзи Хоҷазода имрӯз 11-уми ноябр дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар  шаҳри Сочии Россия дар ҳоли баргузорист, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид.

Беҳтарин футболбози ҷаҳон муайян гардид

Сарвони тими мунтахаби Португалия ва дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» аз рӯи назарсанҷии ФИФА аз рақиби ҳамешагии хеш ҳамлавари тими миллии Аргентина ва дастаи “Барселона” Лионел Месси ва гаронарзиштарин футболбози сайёра Неймар пеш гузашта, беҳтарин футболбози соли 2017 шинохта шуд. Дар соли 2017 ӯ ҷоизадори Лигаи қаҳрамонҳо, Суперҷоми УЕФА ва Суперҷоми Испания гардид.

Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия соҳиби медали биринҷӣ гардид

Паҳлавони   ҷавони  тоҷик  Темур Раҳимов дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Страницы