Варзиш

Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи омодагиро дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расонид

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи  пеш аз охири омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар  шаҳри Дубайи АМА ба анҷом расонид.  Футболбозони мо шоми дирӯз дар дуввумин вохӯрии таҷрибавӣ  бо олимпичиёни ин кишвар дидор анҷом доданд.

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд

Аз 2 то 12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) Универсиадаи 29-уми зимистона доир мегардад.

Страницы