Паҳлавони муваффақи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Беҳрӯзи Хоҷазода имрӯз 11-уми ноябр дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Сочии Россия дар ҳоли баргузорист, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Аз ду паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмалиддин Каримов, ки ба даври ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочии Россия роҳ ёфтанд, ба Беҳрӯзи Хоҷазода муяссар шуд, ки соҳиби нишони тилло шавад. Баъди Саидмӯъмин Раҳимов, ки ҳанӯз соли 1975 қаҳрамони самбои ҷаҳон шуда буд, Беҳрӯзи Хоҷазода нахустин нафарест, ки билохира ин фосилаи даҳсолаҳои тӯлкашидаи беқаҳрамонии паҳлавонҳои тоҷик дар майдони самбои ҷаҳониро бишиканад. Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Медали биринҷӣ дастоварди Сорбон Латифов аст, ки дар риштаи самбои муҳорибавӣ дар вазни 62 кило соҳиби ҷои сеюм шуд.
ТВ Варзиш